Войти Регистрация

Docx

  • Рефераты
  • Дипломные работы
  • Прочее
    • Презентации
    • Рефераты
    • Курсовые работы
    • Дипломные работы
    • Диссертациии
    • Образовательные программы
    • Инфографика
    • Книги
    • Тесты

Информация о документе

Цена 3000UZS
Размер 7.7MB
Покупки 0
Дата загрузки 07 Ноябрь 2026
Расширение pptx
Раздел Презентации
Предмет Педагогика

Продавец

Bohodir Jalolov

нақши рустам ва кўҳи Бесутун

Купить
  ДАР МАВЗУИ  :   НАҚШИ РУСТАМ 
ВА   КЎҲИ БЕСУТУН
САМАРҚАНД 2022 КАТИБАИ ДОРЮШИ БУЗУРГ БАР КЎҲИ БЕСУТУН 
•
Кўҳи Бесутун ( ba γ istāna –  маҳалли парастиши худо) дар остони Кирмоншоҳ, дар 60 км. дуртари роҳи 
Кирмон-Ҳамадон ҷойгир шуда, бино ба ривоёти “Шоҳнома” шаҳри Кирмоншоҳ аз тарафи Таҳмураси 
Девбанд сохта шудааст. Баъдтар дар замони Ҳахоманишиҳо, Парфия ва Сосониён ин ноҳияи хушбоду 
ҳаво ба сифати маскани фароғату истироҳат ва пойтахти тобистона қарор гирифт. Катибаи Дорюши Бузург 
дар баландии 50 метр аз пояи кўҳи Бесутун ба се забон: порсии қадим, эломӣ ва аккодӣ ҳаккокӣ шудааст. 
Катибаи Порсии қадим дар панҷ сутуни баландиаш 4-метраи иборат аз 414 сатр ва бо хати мехии хеле 
зебо канда шудааст. Ин панҷ сутун ба тартиби 96, 97, 92, 92 ва 36 сатр дорад. Катибаи эломӣ ду ривоят 
дорад: ривояте дар чаҳор сутун дар тарафи рости саҳна ва ривояте 117 дар се сутун дар тарафи чапи 
катибаи порсии қадим. Катибаи аккодӣ (бобулӣ) дар тарафи чапи саҳна – болои сари Дорюш ҳаккокӣ 
шудааст. Дар байни катибаҳо саҳнаи зерин тасвир шудааст: ДОРЮШ ДАР ТАРАФИ ЧАП ИСТОДА ВА ПОИ ЧАПАШ БАР СИНАИ ГУМОТАИ (ГАУМАТА) МУҒ, КИ 
БАР ПУШТ ХОБИДААСТ, ҚАРОР ДОРАД. ДУ НАФАР ПУШТИ САРИ ДОРЮШ ИСТОДААНД. ДАР 
БАРОБАРИ ДОРЮШ НЎҲ НАФАР ШЎРИШЧИЁНЕ ҲАСТАНД, КИ ДАР НАВОҲИИ ГУНОГУН БАР 
ЗИДДИ ДОРЮШ ИСЁН КАРДА БУДААНД. ДАСТОНИ ШЎРИШЧИЁН АЗ ПУШТ БАСТА ШУДА ВА 
ГАРДАНИ ОНҲО БО ТАНОБЕ БА ҲАМ БАСТА ШУДААСТ. БОЛОИ САРИ ҲАР АСИР, ДАР ЛИБОСИ 
АСИРИ САВВУМ ВА ДАР ҚИСМИ ПОЁНИ ТАСВИРИ ГАУМАТАИ МУҒ НОМИ АМИРОНИ ВИЛОЯТҲОИ 
ИСЁНБАРДОШТА КАНДА ШУДААСТ. ДАР БОЛОИ САҲНА ТАСВИРИ АҲУРА МАЗДО ҚАРОР ДОРАД. 
ДОРЮШ РЎ СЎИ Ў КАРДААСТ ВА ДАСТИ РОСТИ ХУДРО БА ЭҲТИРОМ ДАР БАРОБАРИ ОН 
АФРОШТААСТ. ДАР ЗЕРИ САҲНА КАТИБАИ ПОРСИИ ҚАДИМ ДАР ПАНҶ СУТУН ҶОЙ ГИРИФТААСТ. •
Ҳар як ҷумлаи Катибаҳои Дорюш бо ибораи  θ āti dārayatwahuš xšaya θ yah: ( Гўяд Дорюш-шоҳ:) оғоз меёбад. 
Илова бар катибаи порсии қадим, ки бо номи “Катибаи калон” машҳур аст, дар ин поякўҳ боз 11 катибаи 
хурд канда шудааст. Ҳамчунин дар кўҳи Бесутун тасвиру катибаҳои дигаре мансуб ба давраи Ашконӣ 
Сосонӣ, аввали Ислом (Катибаҳои куфӣ) ва Сафавиён канда шудаанд. Дар аввали матни “Катибаи калон” 
Дорюш тамоми аҷдоди худро то асосгузори сулола – Ҳахоманиш ном бурда, сипас тамоми мамлакатҳоеро, 
ки дар тасарруфи Ҳахоманишиён буданд: Форс, Илом, Бобулистон, Ошур, Миср, Лидиё, Мод ва дигар 
мамоликро то Қандаҳору Скифиё ва Арахосиё ном мебарад. Сипас ривояти табаддулоти Бардияро баён 
намуда, пас аз он дар хусуси шўришҳо дар Илому Бобулистон, Форсу Мод, Ошуру Миср, Порту Марғиён ва 
пахш кардани он шўришҳо иттилоъ медиҳад. Аз ахбори матн бармеояд, ки он бо хати оромӣ нусхабардорӣ 
карда шуда ба ҳамаи мамолики зери тасарруфи Ҳахоманишиён буда фиристода мешавад. Дар охир 
амалиёти Дорюш дар солҳои аввали шоҳаншоҳиаш ва пахш кардани боз як шўриш дар Илом ва юриши 
зидди скифҳои “клоҳнўгтезпўшанда” мухтасар тасвир ёфтааст ДАР ПОЁН АЗ СУТУНҲОИ АВВАЛ ВА САВВУМИ 
КАТИБАИ МАЗКУР НАМУНАҲО ОВАРДА МЕШАВАД:  ТАРҶИМАИ МАТНИ БОЛО 
•
Гўяд Дорюш-шоҳ1 : Ин (аст) кардаи ман пас аз он ки шоҳ шудам. Камбуҷия2 ном писари 
Куруш3 аз хонадони мо, ў дар пеш ин ҷо шоҳ буд. Он Камбуҷияро бародаре Бардия4 ном 
буд, ҳам (аз) модар, ҳам (аз) падар (бо) Камбуҷия. Пас Камбуҷия он Бардияро кушт. Ҳангоме 
ки Камбуҷия Бардияро кушт, мардумро ошкор нашуд, ки Бардия кушта (шудааст). Пас 
Камбуҷия ба Миср шуд. Пас мардум нофармон шуд. Пас дурўғ дар кишвар бисёр шуд, дар 
Порс ва дар Мод ва дар дигар кишварҳо. Гўяд Дорюш-шоҳ: Пас марде муғ буд Гумота1 ном, ў 
шўриш кард аз Дижнабишт (Посоргод). Аркадрӣ (Аркадриш) ном кўҳе, аз он ҷо чаҳордаҳ рўз 
аз моҳи Вияхна2 поён ёфта буд, ки шўриш кард. Ў мардумро чунин ба дурўғ гуфт: Ман 
Бардияам, ки писари Куруш, бародари Камбуҷия (аст). Пас мардум ҳама нофармон шуд, аз 
Камбуҷия ба сўи ў рафт, Порс ва Мод ва дигар кишварҳо. Шаҳриёриро ў гирифт, нўҳ рўз аз 
моҳи Гармапада поён буд, он гоҳ шаҳриёриро гирифт. Пас Камбуҷия худ марг мурд (бо марги 
худ бимурд). Гўяд Дорюш-шоҳ: Ин шаҳриёриро, ки Гумотаи муғ ба зўрӣ гирифт аз Камбуҷия, 
ин шаҳриёрӣ аз дер боз хонадони моро буд.   •
Пас Гумотаи муғ (онро) ба зўрӣ гирифт аз Камбуҷа, Порс ва Мод ва дигар кишварҳоро ў барои худ 
бардошт, хештанро кард, ў шоҳ шуд. Гўяд Дорюш-шоҳ: Набуд марде на порсӣ, на модӣ, на аз 
хонадони мо, касе, ки он Гумотаи муғро аз шаҳриёрӣ ронда тавонистӣ кард. Мардум аз ў ба шиддат 
метарсиданд, мардуми бисёр куштӣ, ки дар пеш Бардияро мешинохтанд. Инро, мардумро куштӣ, 
мабодо ки маро мешиносанд, ки ман на Бардияам, ки писари Куруш (аст). Касе на ҷуръат кард чизе 
гуфтан дар бораи Гумотаи муғ, то ман расидам. Пас ман аз Аҳура Маздо ёрӣ хостам, Аҳура Маздо 
маро ёрӣ бурд, аз моҳи Богиёдӣ даҳ рўз поён ёфта буд, он гоҳ ман бо мардоне кам он Гумотаи муғро 
куштам ва онҳоеро, к-аш муҳимтарин пайрав буданд. Сикютӣ ном диже дар Нисо ном замине дар 
Мод, он ҷо ўро куштам шаҳриёриро аз ў ба зўрӣ гирифтам. Ба хости Аҳура Маздо ман шоҳ шудам, 
Аҳура Маздо шаҳриёриро маро фаро бурд.

нақши рустам ва кўҳи Бесутун

Купить
  • Похожие документы

  • Ирригационная система в Узбекских ханствах
  • История и историки Узбекистана
  • КaмoльадДин Бехзад
  • Конституция республики узбекистан
  • Калима аз ҷиҳати сохт

Подтвердить покупку

Да Нет

© Copyright 2019-2026.

  • Инструкция по снятию с баланса
  • Контакты
  • Инструкция использования сайта
  • Инструкция загрузки документов
  • O'zbekcha