Войти Регистрация

Docx

  • Рефераты
  • Дипломные работы
  • Прочее
    • Презентации
    • Рефераты
    • Курсовые работы
    • Дипломные работы
    • Диссертациии
    • Образовательные программы
    • Инфографика
    • Книги
    • Тесты

Информация о документе

Цена 3000UZS
Размер 3.0MB
Покупки 0
Дата загрузки 07 Ноябрь 2026
Расширение pptx
Раздел Презентации
Предмет Педагогика

Продавец

Bohodir Jalolov

Жан батист моллер

Купить
Д АР М A ВЗӮИ 
ЖАН БАТИСТ 
МОЛЛЕР    Ж А Н БАТИСТ МОЛЛЕР ПОЯГ УЗОРИ 
ТЕАТРИ МИЛЛИ 

Гарчи Жан Батист Моллер (1622-1673) низ аз мазҳакаҳои Корнел таъсир бардоштани худро 
эътироф менамояд, дар таърихи тамаддуни ин халқ ҳамчун поягузори театри миллии 
франсуз мавқеи ҷудогона дорад. Аслан ин шахсият зодаи оилаи тоҷирон буда, аввал дар 
колледж ва сониян дар донишгоҳи олии Орлеан таҳсил гирифтааст. Аммо на бо кору бори 
адвокатӣ ва на бо кору бори тиҷоратӣ машғул шуд. Вай бо як гурӯҳ ҷавонон ба “Театри 
пурҷило” асос гузошт. Дар оғози фаъолияташ Моллер фарсҳои франсузӣ ва мазҳакаҳои 
инқилобии италяниро аз нав кор карда ба репертуари татри худташкилкарда мутаносибан 
ҷойгир кард. Аз соли 1653 сар карда аввалин мазҳакаҳои Молер ба саҳна гузошта шуданд. 
Яке аз ҳамин гуна асарҳои адиб бо унвони “Телба” рӯи саҳнаро дид. Соли 1662 пиесаи 
“Сабоқҳо барои занон” ба саҳна гузошта шуд ва пас аз ин барои баъзе асарҳои Молер дар 
театрҳо аз тарафи ҳукумат таъқиқ гузошта шуд. Аз ҷумла, ба саҳна гузоштани “Тартюф” ва 
“Дон Жуан” комилан манъ карда шуд. Соли 1673 асари “Каслаии дурӯғин” ба саҳна гузошта 
мешавад. Дар ин пиеса Молер нақши асосиро худаш иҷро мекунад. Аммо дар давоми 
спектакл вай худашро басо ноҳинҷор ҳис мекард. Пас аз чанд соати ба итмом расидани 
спектакл адиб аз олам чашм пӯшид. Архиепископи Фаронса барои дафн кардани ҷасади ин 
адиб дар қабристон бо баҳонаи “гунаҳкори тавбанакарда” рухсат намедиҳа   ДА Р 
СУРАТ 
Ж А Н 
БАТИСТ 
МОЛЛЕР      Пас аз зораву илтиҷоҳои зиёд наздикони адиб ӯро шабона дар як 
кунҷи қабристон дафн мекунанд. Молер мазҳакаи классикии 
франсузро дар ҳолати синтез ва омезиши ва дар қолаби тавъам бо 
фарсҳои халқии қадим ва мазҳакаҳои италянӣ аз нав кор карда 
баромад. Молер яке аз он шахсиятҳоест, ки бар зидди онҳое, ки аз 
нуқтаи назари эстетикӣ “таргедияро жанри бузург ва хоси табақаи 
зодагон, мазҳакаро жанри паст ва хоси табақаи пасти ҷамъият” 
эътироф кардаанд баромада, онҳоро сахт маҳкум кардааст. Вай ба 
субот расонид, ки аз навиштани трагедия, офаридани мазҳака 
душвортар ва вазнинтар аст. Яке аз асарҳое, ки ин адибро машҳур 
кардааст, “Нозанинҳои хандаовар” (1659) мебошад. Бо ин асараш 
Молер ба равияи претсиозии адабиёти ҳамон давр зарбаи сахте зад. 
Дар ин асар муомилоти аз ҳад зиёди такаллуфбозонаи табақаи 
аристократии ҷамъият, танозии қавмияти марду зан зери тамасхур 
гирифта мешавад. Барои Молер се асари вай мазҳакаи сепардагии 
“Тартюф” (1664) ва мазҳакаи ҳаҷвии “Дон Жуан” (1665), “Мизантроп” 
(1666) шӯҳрати калоне оварданд. Асари саввум мутобиқи маълумотҳо 
пас аз таъқиқи “Тартюф” дар муддати ду ҳафта навишта ба итмом 
расонида шудааст. Асари мазкур ҳамин қадар дар адабиёти ҷаҳон 
шӯҳрат дорад, ки минбаъд аз адибони испан Тисо де Молина ва 
А.С.Пушкин дар асари худ “Меҳмони санг” аз ҳамин асар таъсир 
бардоштани хешро эътироф    Ин қиёфаро Молер аз нав кор карда танқидгароёна дар симои як 
ҷавони аристократ боз ҳам амиқтар кушода додааст.Ин як навъ 
писханд аст, аз болои эгоизми табақаи ашрофи ҷамъият. Тимсоли 
мазкурро ҳам аз лиҳози зоҳирӣ ва ҳам ботинан адиб бо тамоми 
паҳлӯҳо ва зарроташ фош месозад. Дигаре аз асарҳои Молер 
мазҳакаи “Мизантроп” ба шумор меравад, ки ҳам дар эҷодиёти адиб 
ва ҳам дар драматургияи франсуз нуқтаи гардиши муҳиме маҳсуб 
мешавад. Аслан моҳияту мазмуни асар низ аз истилоҳи 
“мизантропия” падид омадааст. Зеро мизантропия “соддагӣ, 
зудбоварӣ, лақмагӣ” хоси қаҳрамони асосии асар аст. Ин ҷавони 
аслан адолатҷӯву табиатан содда дар ҳар қадам ба беадолативу 
азобу уқубат рӯ ба рӯ меояд. “Мизантропия” намунаи олии 
мазҳакаҳои даврони классисизм ба шумор меравад. Дар ин мазҳака 
иллат ва нуқсонҳои ҷамъият на дар асоси ҳаракат ва амалиёти 
қаҳрамони асосӣ, балки дар замири характер ва олами рӯҳонияти 
вай кушода дода шудааст.
Дар мавзӯи хасисиву мумсикӣ ва судхӯрӣ Молер боз як асари муҳим 
дорад, ки айнан бо унвони “Хасис” маълум аст. Сужети ин асар ҳам аз 
“Кӯзача” ном мазҳакаи Плавт гирифта шуда, дар он қаҳрамони асосӣ 
Гарпагон аст. Гарпагон тимсоли шахсест, ки боигариҳои хешро ба ҳеҷ 
кас боварӣ намекунад ва сарфи онро ҳам дар ягон ҳолат раво 
намебинад.   Ҳатто чунон сахту мумсик аст, ки барои тӯи 
фарзандонаш низ пул харҷ карданро амали 
ношоям ва номақбул ҳисоб мекунад. Барои 
Гарпагон орзуву омол, ҳавас, олами эҳсосот, 
ҳиссиёти ботинии фарзандонаш, агар тақдири 
ояндаи онҳо барои вай пул ва манфиат наоранд, 
ҳатто қиммати як ҷавро надоранд. Ин масъала 
ҳам яке аз масъалаҳои доғноктарини ҳаёти 
иҷтимоии даврони зиндагии адиб ба шумор 
меравад. Аммо дар заминаи ин асар мунаққидон 
ва адибони даврони баъд эътирозҳои хешро, 
хусусан оиди масъалаи образофарии Молер, дареғ 
надоштаанд. Масалан, Пушкин таъкид мекунад, ки 
«дар асари Шекспир зимни тимсоли хасис – 
Шейлок шахси зираку ҳушёр, қасоскор, дӯстдори 
фарзанду оила, инсони ҳозирҷавоб ҷилвагар 
мешавад, аммо дар асари Молер хасис фақат 
хасис асту халос“.   
Қ атъи  назар аз и н гу на ф и к ру  м улоҳ и зот 
асарҳ ои  Молер бо ҳ ози рҷ авоби ю  ф аври яти  
х уд барои  там ом и  халқ ҳ ои  ҷ аҳ он арзи ш и  
м у ай яни  ғ оявӣ , бадеӣ , ах лоқ ӣ  ва эстети к ӣ  
доранд. Ин осор ба м и сли  пулеанд, к и  
м анзараҳ ои  осори  даврони  ати қ аро бори  
ди гар дар рангу  бори  тозаву  нав пеш и  
хонанда ҷ и лвагар м енам оянд. Ти м солҳ ое, к и  
дар асарҳ ои  и н драм ату рг оф ари да ш удаанд, 
барои  авлоди  м и нбаъдаи  дарам ту ргон 
ҳ ам чу н м анбаъ х и зм ат к ардааст .   АСАРХ ОИ МОЛЛЕР       Х А ЙК АЛИ Ж АН БАТИСТ МОЛЛЕР

Жан батист моллер

Купить
  • Похожие документы

  • Zulfiya
  • Zokirjon xolmuhammad o‘g‘li furqat
  • ZOKIRJON XOLMUHAMMAD O‘G‘LI FURQAT sheʼriyatida ruscha o‘zlashmalar
  • Zahiriddin Muhammad Bobur hayoti va ijodini maktab darsliklarida o‘qitilishi
  • Zamburug‘lardan sanoatda Foydalanish istiqbollari

Подтвердить покупку

Да Нет

© Copyright 2019-2026.

  • Инструкция по снятию с баланса
  • Контакты
  • Инструкция использования сайта
  • Инструкция загрузки документов
  • O'zbekcha