Kirish Roʻyxatdan oʻtish

Docx

  • Referatlar
  • Diplom ishlar
  • Boshqa
    • Slaydlar
    • Referatlar
    • Kurs ishlari
    • Diplom ishlar
    • Dissertatsiyalar
    • Dars ishlanmalar
    • Infografika
    • Kitoblar
    • Testlar

Dokument ma'lumotlari

Narxi 2000UZS
Hajmi 56.7KB
Xaridlar 0
Yuklab olingan sana 07 Noyabr 2026
Kengaytma docx
Bo'lim Referatlar
Fan Pedagogika

Sotuvchi

Bohodir Jalolov

Фолклори маросими мотам ва марсияхонӣ

Sotib olish
Ф ОЛК ЛОРИ МА РОСИМИ  МОТА М ВА  МА РСИЯХ ОН Ӣ
На қ ш а :
1. Маълумот   дар   бораи     расму   оини   марбути   маросими
мотам.
2. Ишорати   Наршах ӣ   дар   бораи   сўги   Сиёвуш   ва   хондани
нав ҳ а ҳ о дар он замон (асри 1Х) 
3. Хондани марсия  ҳ ангоми   вафоти   пирон   ва   ҷ авонон. 
4. Марсия ва хусусият ҳ ои   он .
5. Та ҳ лили   марсияи   «Абдулма ҷ ид ҷ онам балам» Суруд ҳ о   бо   баробари   дар   рўз ҳ ои   хурсанд ӣ ,   ма ҳ фил ҳ ои
дўстон ,   базм ҳ ову   ҷ ашн ҳ ои   гуногун   истифода   шуданашон   дар
рўз ҳ ои   ғ амангез ,   ҳ амчунин   дар   маросими   мотам   низ   истифода
ва   и ҷ ро   мегарданд .   Суруд ҳ ои   маросими   мотам   як   навъ   э ҷ оди
бадеии   зе ҳ ние   мебошанд ,   ки   сўзу   гудоз,   дарду   фиро қ   ва
армон ҳ ои   қ алби   инсон   нисбати   ма ҳ иту   ма ҳ итаву   наздикони   ў   ба
тарзи   хос   ифода   меёбад .  
Дар   илми   фолклоршинос ӣ   фолклори   маросими   мотам   як
дара ҷ а   тад қ и қ   гардидааст .   Аз   ҷ умла   фолклоршиносони   рус   дар
ин   бора   кор ҳ ои   назаррасро   ба   ан ҷ ом   расонидаанд 1
.   Дар   илми
фолклоршиносии   ўзбек   низ   доир   ба   масъалаи   мазкур   кор ҳ ои
пур қ иммат   ба   сомон   расидааст .  Дар   ин   б ора рисолаву китоб ҳ о   ва
ма қ ола ҳ ои   олимони   фолклоршиноси   ўзбек   М . Алавия ,  Т . Мирзоев ,
Б . Саримсо қ ов ,   К . Имомов ,   О . Сафаров ,   М . Жураев ,   Д . Ўраева ,
Н . Абдула ҳ атов ,   С . Музаффаровро   ало ҳ ида   таъкид   намудан   ба
ма қ сад   мувофи қ  аст 2
. 
Дар   илми   фолклоршиносии   то ҷ ик   то   имр ӯ з   т ад қ и қ оти
мукаммали   фолклори   маросими   мотам ,   аз   ҷ умла   марсияву
нав ҳ а ҳ о     ба   ву ҷ уд   наомадааст .  Аммо   фолклоршиносон   Р . Амонов ,
В . Асрор ӣ ,  Р . Қ одиров ,  А . Ма ҷ нунов   ва   дигар ҳ о   доир   ба   ин   маросим
1
  Азадовский   М.А.   Ленские   причитания.   Чита,   1922.;   Виноградов   Г.С.   ,   Андреев   Н.П.   Русские   плачи     //
Русские   плачи   (Причитания).   Л.,   1937.;   Чистов   К.В.   Русская   причеть   //   Причитания.   Л.,   1960,   с.12-13.;
Чистяков   В.Я.   Представления   о   дороге   в   загробный   мир   в   русских   причитаниях   XIX - XX   вв.   //   Обряды   и
обрядовый фольклор. М.: «Наука», 1982, с. 114-126.
2
  Алавия М. Ӯ збек  хал қ  маросим  қӯ ши қ лари. Т ошкент : «Фан», 1974, 140-151-бетлар; Саримсо қ ов Б. Мотам
маросими  фольклори. //   Ӯ збек  фольклори очерклари. Уч томлик.       1-том. Т ошкент ; «Фан», 1988, 208-223-
бетлар;     Ўраева   Д.   Ўзбек   маросими   фолклори   (жанрий   таркиби,   генезиси   ва   бадиияти).   –Тошкент:   Фан,
2004,   саҳ.   18 Навр з:   Навр з   билан   боғлиқ   қ шиқлар,   афсоналар,   одатлар   ва   иримлар/Тузувчилар:	
ӯ ӯ ӯ
Т.Мирзаев,   М.Ж раев.   –Тошкент:   ФАН,   1992;   Имомов   К.,   Мирзоев   Т.,   Саримсоқов   Б.,   Сафаров   О.   збек	
ӯ Ӯ
халқ оғзаки поэтик ижоди. Тошкент:  қитувчи, 1990.	
Ӯ баъзе   фикру   муло ҳ иза ҳ ои   худро   ифода   намудаанд 3
.   Аз   ҷ умла
Р . Қ одиров   маро сими   мотами   то ҷ икони   водии   Қ аш қ адарёро   аз
ну қ таи   назари   этнограф ӣ   омўхта ,   аз   давраи   беморшав ӣ   то
шустани   мурда ,   дафн ,   фоти ҳ ахон ӣ ,   пас   аз   дафн ,   пушокш ӯ ён ,
бего ҳ ии   се ,   бего ҳ ии   ҳ афт ,   бего ҳ ии   бист ,   бего ҳ ии   чил ,
азобаророни   маросими   мотами   ин   водиро   тасвир   мена мояд.   Ин
рисола   қ адами   аввал   дар   илми   фолклоршиносии   то ҷ ик   оиди
омўзиши   маросими   мотам   мебошад . 
Нав ҳ а   яке   аз   суруд ҳ ои   му ҳ ими   маросими   мотам   мебошад .
Дар   байни   мардум ,   асосан,   нав ҳ а   аз   ҷ ониби   гўянда   ва   занон
хонда   мешавад .   Хешони   фавтида   дар   мавридаш   ба   он   ҳ амро ҳ
мешаванд .   Нав ҳ а ҳ о   аз   давраи   беморшав ӣ   сар   карда   то
маросими   дафн,   баъд   аз   дафн   ва   давра ҳ ои   пуркулфати
аъзодориро   тасвир   мекунад . 
Нав ҳ ахон ӣ   аз   давраи   қ адим   то   имрўз   дар   байни   мардум
ҳ амчун   анъана   ва   расму   оин   инти қ ол   ёфта   омадааст .  Дар   ин   бора
муар рихи   бузург   Наршах ӣ   дар   китоби   худ   “Таърихи   Бухоро”
иброз   медорад ,   ки   дар   ва қ ти   маросими   дафни   Сиёвуш   нав ҳ а ҳ о
мехонданд 4
.
Як   қ исми   нав ҳ а ҳ о   матни   муайян   надоранд .   Нав ҳ ахон   ё
хешовандони   фавтида   бо   баробари   истифода   бурдани
марсия ҳ ои   маъмул   ва   маълум   худ   низ   суханоне   мег ӯ янд ,   ки
3
  Амонов   Р.   Очерки   э одиёти   даҳанакии   Кулоб.   –   Душанбе,   1963;   Амонов   Р.Лирикаи   халқи   то ик.   –ҷ ҷ
Душанбе: Дониш, 1968; Асрор  В., Амонов Р. Э одиёти даҳанакии халқи то ик. –Душанбе, Маориф, 1980;	
ӣ ҷ ҷ
Асрор   В.   Жанрҳои   хурди   фолклори   то ик.   –Душанбе:   Маориф,   1990;  	
ӣ ҷ Қодиров   Р.   Фолклори   маросими
тореволюционии то икони водии Қашқадарё. –Душанбе, 1963	
ҷ
4
 Наршах  Аб бакр Муҳаммад бинни  аъфар. Таърихи Бухоро. –Душанбе: Дониш, 1979	
ӣ ӯ Ҷ пурра   ба   қ онуну   қ оида   ва   унсур ҳ ои   шеър ӣ   риоя   нашавад   ҳ ам ,
тартибу   қ оидаи   муайяне   дошта ,   ба   о ҳ анги   ма ҳ зуну   ғ амангез ,
нолаву   фи ғ он   ҷӯ р   мешавад   ва   дар   нати ҷ а   нав ҳ а ҳ ое   ба   ву ҷ уд
меояд ,   ки   пурс ӯ зу   гудоз   буда ,   аз   бадеият   ва   санъат ҳ о   хол ӣ
нес танд. 
Аз  ҷ ониби   г ӯ янда   ё   нав ҳ ахон   пас   аз   ҳ ар   як   ё   ду   қ атор   хондани
нав ҳ а   ба   суруди   ӯ   иштирокдорони   маросим   ҳ амро ҳ   мешаванд .
Ҳ озирон   модар ,   хо ҳ ар ,   зан   ё   дигар   хешони   мурда   вобаста   ба
муносибати   хешии   худ   ба   мурда   калимаву   ибора ҳ оеро   истифода
менамоянд ,   ки   мазмуни   сурудро   аз   он   муайян   кардан   мумкин
аст.    
Нав ҳ а ҳ о   аз   ниго ҳ и   мавзўю   мундари ҷ а   хеле   гуногунанд .
Фолклоршинос   Д . Ўраева   менависад ,   ки   “нав ҳ а ҳ о   аз   ҷ и ҳ ати
мавзўъ   аз   рўи   хешу   а қ рабои   мар ҳ ум   ва   нав ҳ агар   маълум
мегардад   ва   ҳ ар   яки   он ҳ о   қ исми   ҷ удогонаро   та шкил   менамояд.
Масалан,   объекти   муро ҷ иати   нав ҳ а ҳ о   вобаста   ба   риштаи
хешигарии   ҳ ар   як   шахс   ба   падар ,  ба   модар ,  ба   бобо ,  ба   момо ,  ба
бародар ,   ба   хо ҳ ар ,   ба   додар ,   ба   фарзанд ,   ба   шав ҳ ар ,   ба   зан ,   ба
амма ,   ба   хола ,   ба   амак ,   ба   та ғ о   ва   аз   рўи   восита ҳ ои   тасвири
ба де ӣ   аз   якдигар   фар қ  мекунад” 5
.
Чунки   нав ҳ а ҳ о   дар   маросими   мотам   асосан   дар   сўгвории
падар ,   модар ,   бародар ,   хо ҳ ар ,   додар ,   фарзанд ,   шав ҳ ар ,   зан   аз
ҷ ониби   хешу   а қ рабои   мар ҳ ум   и ҷ ро   мегардад .   Доираи   мавзўи
5
  Ўраева Д. Ўзбек маросими фолклори (жанрий таркиби, генезиси ва бадиияти). –Тошкент: Фан, 2004, саҳ.
18 нав ҳ а ҳ о   низ   вобаста   ба   шахсияти   мар ҳ ум ,   тарзи   зиндаг ӣ , мав қ еи
ў   дар   оила ,   сарнавишти   наздиконаш ,   синну   сол ,   ҷ инсаш   муайян
мегардад .   Ҳ амчунин   мавзўи   нав ҳ а   аз   рўи   истифодаи   калимаву
ибора ҳ ое ,   ки   аз   ҷ ониби   хешовандони   мар ҳ ум   такрор - такрор
истифода   мешавад ,   муайян   намудан   мумкин   аст .   Масалан ,   дар
сўгвории   падар   “д ада ҷ онам” ,   “ қ иблаго ҳ ам” ,   “бо ғ бонам” ,   дар
сўгвории   модар   “ме ҳ рубонам” ,   “оча ҷ онам” ,   дар   сўгвории   ҳ амсар
“хонем” ,   дар   сўгвории   додару   бародар   ва   дигар   хешовандон
“ ҷ игарам”   ва   ғ айра   нав ҳ а   хонда   мешавад .
Нав ҳ а ҳ ое ,   ки   дар   сўгвории   падару   модар   и ҷ ро   мегардад   дар
фолклори   маросими   мотам   мав қ еи   ҷ удогана   дошта ,   бо
хусусият ҳ ои   ба   худ   хоси   худ   аз   дигар   нав ҳ а ҳ о   фар қ   мекунад .   Дар
нав ҳ ае ,   ки   дар   рўзи   дафни   падар   хонда   мешавад ,   падар   ҳ амчун
қ иблаго ҳ ,  сутуни   хонадон ,  масли ҳ атгар   ало ҳ ида   таъкид   ёфта ,  сўзу
годоз ,   дарду   алами   фарзандон  ифода   меёбад.  Дар  нав ҳ аи   поён ,
ки   аз   ҷ ониби   писар   нисбати   падар   гуфта   шудааст ,  ғ амхор ,  дилсўз ,
масли ҳ атгўй   будани   падар   таъкид   ёфтаааст :
Ғ амхорам  будед, додом-е, додом-е,
Дилсўзам будед, додом-е, додом-а.
Масли ҳ атгарам ,  додом - е ,  додом - а .
Рафтана  ҳ амин  накунед, додом-е, додом-е!
Аз  ҳ оли   моён   хабар   гиред ,  додом - е ,  додом - а !
Дар маросими мотам асосан занон марсияхон ӣ   мекунанд   ва
аз   байни   он ҳ о   касоне   ёфт   мешаванд ,   ки   дар   овозандозию суханвар ӣ   ма ҳ орати   махсус   доранд .   Ин   қ абил   зан ҳ оро   дар
аксарияти   ма ҳ ал ҳ о   овозандоз   ё   гўянда   меноманд.   Роли
овозандоз ҳ о ,   гўянда ҳ о   дар   маросим   хеле   бузург   аст :   он ҳ о   ба
хондани   марсия ҳ ои   таъсирбахш   азохонаро   ба   мотамкадаи
пуршўру   пур ҳ ая ҷ он   табдил   меди ҳ анд ,   барои   ав ҷ     додани   нолаю
фи ғ он   ба   азодорон   ( модар ,   хо ҳ ар ,   амма ,   хола ,   дух тар,   зав ҷ а ,
келин   ва   ғ айра )   ва   дигар   занони   ҷ амъомада   ба   воситаи
овозандозии   худ   мавзўъ ,   мазмун ,   ҳ атто   сухану   ибора ҳ о   ёфта
меди ҳ анд .   Овозандоз ҳ о ,   ки   дар   рўз ҳ ои   мотам   аз   тарафи
азодорон   даъват   карда   мешаванд ,   суруд   мехонанд ,   дигарон
бошанд ,   бо   овози   баланд   якбора   « ҳ уввв»   гўён   ва   гирякунон   ба
он ҳ о   ҷ ўр   мешаванд .  Чунонч ӣ :
Гў янда:     Эй кошки, мур ғ ак   шуда ,  дар   ҳ аво   пар   мезадаме , 
                                                                              гўеде, Умри ҷ оне ... 
Ум ри ҷ он :  Эй кошки, мур ғ ак   шуда ,  дар   ҳ аво  пар мезадаме...
                                                               баччаякаме, баччаякаме... 
Гў янда:     Дар кофтуковат худама ба  ҳ ар   ҷ ар   мезадаме ,
                                                                        гўеде, Умри ҷ оне ... 
Ум ри ҷ он :  Дар кофтуковат худама ба  ҳ ар   ҷ ар   мезадаме ...
                                                                баччаякаме, баччаякаме...
Ҳ ози рон :   Ҳ уввв !...
Гў янда:     Мо бе  қ уввати   дил   ч ӣ   кор   мекунем ! 
X о ҳ арон :  Мо бе додар акнун ч ӣ   кор   мекунем ?
                                        ака ҷ оне ,  ака ҷ оне ...  гўетоне    хо ҳ ароне ...  Гў янда:     Мо бе  қ уввати   дил   ч ӣ   кор   мекунем !
                                                      гўедотоне   хо ҳ ароне ... 
X о ҳ арон :  Мо бе  қ уввати   дил   ч ӣ   кор   мекунем ,
                                                     ака ҷ оне ,  ака ҷ оне ... 
Ҳ ози рон :   Ҳ уввв !...
Гў янда:     Ба ман ме ҳ рубону   ғ a мх op  буд ӣ ,
                                                       гўед, хола ҷ онаш . 
Х ола:         Ба ман ме ҳ рубону   ғ амхор   буд ӣ ,
                                                       ҷ игараме ,  ҷ игараме , 
Гў янда:      Ҳ амеша   дилсўзу   дастёр   буд ӣ ,
                                                        гўеде, хола ҷ онаш ... 
Агар овозандоз аз худи оила ва хешу табори азодор бошад,
ба овозандозу гўяндаи касб ӣ ,  ки   ба   он ҳ о   со ҳ иби   мурда   дар   охири
маросим   ту ҳ фа ҳ о , ( куртабор ӣ ,  рўймол   ва   ҳ оказо )  меди ҳ ад ,  э ҳ тиё ҷ
намемонад   ва   овозандоз ӣ   беёрдаму   иштироки   он ҳ о   сурат
мегирад .
Дар   маросими   мотам   як   ла ҳ заи   марсиягў ӣ   будааст ,   ки   онро
ҷ а р   кашидан,   самаъ,   садир   рафтан   мегўянд.   Ҷ а р   кашидан
намуди   драмав ӣ   дорад   ва   аз   расму   оина ҳ ои   қ адим ӣ   ба   шумор
меравад .   Маъракаи   ҷ а ркаш ӣ ,   ки   бо   иштироки   як   гурў ҳ   занон
мегузарад ,   андаке   во ҳ иманок   аст :   баъзе   аз   зан ҳ о   муй ҳ ои   худро
пароканда   карда ,   ба   сари   китфу   санду қ и   синаашон   партофта ,
ҳ ар акати махсусе мекардаанд. Дар ташкилу и ҷ рои   ҷ аркаш ӣ   гўянда ,   ки   дар   мобайни   давра
истода   ҳ амаро     идора     мекунад ,   роли   асосиро   мебозад .   Вай
кўшиш   мекунад ,   ки   марсияи   мехондагиаш   пуртаъсир   бошад ,
иштирокчиёни   ҷ аркаширо   ба   ва ҷ д   оварда ,   он ҳ оро   саргарм
кунад .   Бо   ҳ амин   ма қ сад   гўянда   бо   о ҳ анги   ғ амангези   ба   мотам
хос ,   cyxa н ҳ ои   го ҳ   қ офиядор   ва   го ҳ   бе қ офия   мегўяд .   Дигарон
бошанд   баъди   ҳ ар   сухани   ў   хаму   рост   шуда ,   такроран   «обло ҳ у ,
обло ҳ »   мегўянд . 
Марси я ҳ о .   Марсия ҳ о   низ   аз   жанри   муста қ или   фолклори
маросими   мотам   ба   ҳ и соб   рафта,   аз   рўи   мазмуну   мундари ҷ аи
ғ ояв ӣ   ва   хусусияти   жанрии   худ   аз   нав ҳ а ҳ о   фар қ   мекунад .
Марсия ҳ о   аз   маросими   дафн   сар   карда   то   рўз ҳ ои   пуркулфати
баъдии   дафн     “ ҳ афт” ,   “бист” ,   “чил” ,   “сол” ,   ва   давра ҳ ои   азодориро
тасвир   мекунанд .  
В.Асрор ӣ   доир   ба   марсия ҳ о   чунин   менависад:   “Шеъри
махсусе   ба   вафоти   касе   гуфта   мешавад,   ки   онро   марсия
меноманд. Марсия бо шакл ҳ ои   гуногуни   шеър ӣ   гуфта   ё   навишта
мешавад ,   ки   таърихи   хеле   қ адим ӣ   дорад .   Мазмуни   марсия   хеле
рангин   буда ,  ҳ ам   сифат ҳ ои   неки   мар ҳ ум ,  ҳ ам   ғ аму   анд ҳӯ и   г ӯ я нда
бо  ҳ ая ҷ он   ва   э ҳ соси   баланд   ифода  мешавад” 6
Хусусияти   дигари   жанрии   марсия ҳ о   дар   он   мебошад ,   ки
марсия   берун   аз   маросими   мотам   низ   ҳ амчун   жанри   муста қ ил
ташаккул   ёфтаанд .   Инчунин   бештари   марсия ҳ о   бо   шакл ҳ ои
гуногуни   шеър ӣ   гуфта   шудаанд .   Аз   ҷ умла   марсия ҳ ое,   ки
6
  Асрор  В. Жанрҳои хурди фолклори то ик. Душанбе: Маориф, 1990, саҳ. 155	
ӣ ҷ ҷ амъовар ӣ   шудаанд   дар   шакли   шеърии   ғ азал ,   рубо ӣ ,   дубайт ӣ ,
маснав ӣ ,   мураббаъ ,   мухаммас   э ҷ од   шуда ,   дорои   вазн ,   қ офия ,
радиф   ва   дигар   унсур ҳ ои   шеъриву   восита ҳ ои   гуногуни   тасвири
баде ӣ   мебошанд . 
Дар   марсия ҳ о ,   асосан ,   портрети   муайяни   шахси   фавтида
тасв ир   ёфта,   доир   ба   мав қ еи   ў   дар   оила ,   во қ еа ҳ ои   назарраси
рўзгори   ў ,   фазилату   хусусияти   мар ҳ ум   сухан   меравад ,   фикру
зикри   наздикони   мар ҳ ум   нисбати   ғ аниматии   дунё ,   бешаф қ атии
марг ,   бера ҳ мии   Худои   Мутаол   тари қ и   о ҳ у   нолаи   мотамзадагон
ифода   меёбад .   Мавзўи   марсия ҳ о   асосан     характери   шикоят ӣ
дошта ,  аз   ҷ удоии   абад ӣ   ҳ икоят   менамояд . 
Марсия ҳ о   низ   бахшида   ба   модар ,   падар ,   хо ҳ ар ,   додар ,
бародар ,   зан ,   ш ӯ й ,   фарзанд   аз   ҷ ониби   хешу   а қ рабо   ва   шахсони
наздики   фавтида   э ҷ од   шуда ,   саргузашт ,   сифат ҳ ои   нек ,   орзуву
ният ҳ ои   дар   дил   доштаи   он ҳ о   бо   с ӯ зу   гудози   аламоваре   ифода
меёбад .   Марсияи   поён   аз   ҷ ониби   модаре ,   ки   фарзанди   ҷ авони
худ   дар   об   ғ ар қ   шуда   ҳ алок   гаштааст ,  гуфта   шудааст :  
     Аз бо ғ и   умедам   нав   ни ҳ олама   бурданд ,
Аз тори сарам р ў молама бурданд. 
Меваи нории ша ҳ ду   шакара м буд Улу ғ бек ,
Аз шохи дилам меваи норама бурданд. 
Албатта   бо ғ и   умеди   модар   ва   навдани ҳ ол   фарзанди   ӯ ст .
Навни ҳ ол   шохи   дарахте ,   ки   ҳ оло   мева   наандохтааст ,   яъне
фарзанд   ба   орзуву   ният ҳ ои   худ   нарасида   аз   олам   чашм п ӯ шидааст .   Дар   марсияи   боло   навни ҳ ол ,   мева и   нор,   ша ҳ ду
шакар   сифат ҳ ои   ма ҳ ит   мебошад ,   ки   аз   ҷ ониби   модар   бо   дарду
алам   нисбати   фарзандаш   гуфта   шудааст .
Марсияе, ки аз забони фарзанд ба ҳ ри   модар   дар   шакли   ғ азал
гуфта   шудаст   фазилат,   хусусият   ва   сифат ҳ ои   неки   мар ҳ ум   як   як
овада   шуда ,   мав қ еи   модарро  дар оила нишон меди ҳ ад :
Мо  ҳ ама   мушто қ и   дидори   Шумо ,  ҷ он   модарам ,
Р ӯ и   гарму   лафзи   зебои   Шумо   ҷ он   модарам .
Ханда ҳ ои   бе ғ ашу   софи   Шумо   пеши   назар ,
Гуфта ҳ ои   неку   дилёби   Шумо ,  ҷ он   модарам .
Захми с ӯ зан   мезадед   шому   са ҳ ар   дар   на қ ши   гул ,
Мо адои на қ ши   дастони   Шумо ,  ҷ он   модарам .
Аз табиат зан будеду дар амал боло зи мард,
Қ а ҳ рамонмодар  бувад номи Шумо,  ҷ он   модарам .
Ғ айрати  сад па ҳ лавон   доштед   ни ҳ он ,  дар   ҷ исму   ҷ он ,
Пойдор буд а ҳ ду   паймони   Шумо ,  ҷ он   модарам .
Тозаг ӣ ,  озодаг ӣ ,  олуфтаг ӣ   буд   бо   Шумо ,
Пок буд имону ви ҷ дони  Шумо,  ҷ он   модарам .
Ғ айри  ме ҳ нат   дастатон   банд   дар   дуои   нек   буд ,
Мо кунун гаштем дуог ӯ и   Шумо ,  ҷ он   модарам .
Гарчи дил гум мезанад,  ҳ е ҷ в   ило ҷ е   нест   дигар ,
Мекунам ман на қ ли   достони   Шумо ,  ҷ он   модарам .    
Чунин   ба   назар   мерасад,   ки   марсия   аз   ҷ ониби   шахси
босав од   ва   хабардори   шеъру   шоир ӣ   гуфта   шудааст .   Марсия пурра   ба   банду   басти   жанри   ғ азал   риоя   карда   шудааст   ва   аз
ҷ и ҳ ати   обу   ранги   баде ӣ   ба   адабиёти   хатт ӣ   шабо ҳ ат   дорад .   Аммо
аз   ҷ и ҳ ати   мазмун   ва   мундари ҷ ааш   марсия   мебошад ,   ки
фолклоршиносон   Р . Қ одиров   ва   Р . А ҳ мадо в   ба   ма ҷ м ӯ аи
“Фолклори   то ҷ икони   водии   Қ аш қ адарё”   дохил   намудаанд . 
Марсияи  поён, ки  аз   ҷ ониби   хо ҳ ар   ба   додари   ҷ авонмаргаш
гуфта   шудааст   дар   шакли   мураббаъи   на қ аротдор   э ҷ од   гардида ,
дарду   алам ,  нолаву   фи ғ они   пурз ӯ р   ифода   ёфтааст :
Аз до ғ и   ту   хун   мечакад ,
Аз  қ алби  модар  ҳ ар   са ҳ ар .
Ҷӯ яд  нишону номи ту,
Аз одамони ро ҳ   гузар . 
Эй додари  ҷ ону   дилам ,
Бишкаста шуд болу парам. 
Ҳ ар  го ҳ ,  ки   ниго ҳ   мекунам ,
Бар сурати хандони ту.
Хо ҳ ам ,  ки   бошам   он   замон ,
Ман як нафас ме ҳ мони   ту . 
Эй додари  ҷ ону   дилам ,
Бишкаста шуд болу парам. 
Марсия ба муносибати вафоти касе навишта ё гуфта шуда, дар
он ғаму андўҳ ,  нолаву фиғон ва таъзияи муаллиф ё ягон хешованди
марҳум баён мешавад. Дар баъзе  марсияҳои ада биёти китоб  санаиӣ
вафоти марҳум бо ҳисоби аб ад зикр меёбад.	
ҷ
                                                                        Р.Амонов, В.Асрор	
ӣ Дар марсия ҳ о   одатан   хислату   сифат ҳ ои   неки   мар ҳ ум ,  орзую
омол   ва   нокомию   ма ҳ румияти   ў   ёдовар ӣ   мешавад ва зимнан аз
беадолатию   бедодии   та қ дир ,   фалак   ва   ғ айра ҳ о   сухан   меравад .
Дар   баъзе   марсия ҳ ои   адабиёти   китоб ӣ   ва   э ҷ одиёти   шифо ҳӣ
о ҳ анги   и ҷ тимо ӣ  ва  ҷ амъият ӣ  гирифтани мазмун низ ба мушо ҳ ида
мерасад .   Масалан ,   марсияи   Садриддин   Айн ӣ ,   ки   вай   онро   ба
муносибати   аз   тарафи   амири   Бухоро   кушта   шудани   бародараш
Сиро ҷ идиддин  навиштааст, аз  ҳ амин гуна марсия ҳ о   мебошад .
Дар   замони   мо   дар   нати ҷ аи   тара ққ иёти   илму   маданият,
табаддулоти   бузурги   и ҷ тимо ӣ   дар   маросими   мотам   низ
та ғ йироти   калоне   ба   амал   омад.   Бисёр   расму   оин ҳ ои   ин
маросим ,  ки   аср ҳ о   боз   ву ҷ уд доштанд, аз миён рафтанд ва ба  ҷ ои
он ҳ о   унсур ҳ ои   нав ,   ки   нисбат   ба   мар ҳ ум   иззату   э ҳ тироми
мардумро   ифода   мена моянд,   ҷ ор ӣ   гардиданд.   Бо   ву ҷ уди  ин   дар
баъзе   оила ҳ о   дар   шаклу   намуд ҳ ои   пешинааш   гузаронидани
маросими   мотам   ҳ анўз   ҳ ам   ҷ ой дорад.
Марсияи   «Абдулма ҷ ид ҷ онам,   балам»,   ки   яке   аз   марсия ҳ ои
маш ҳ ури   халк ӣ  ба   ҳ исоб меравад, сўзу гудози шахси гўянда хеле
пуртаъсир  ва   ҳ ая ҷ онбахш ифода гардидааст,  ки банд ҳ ои   зерини
он   ин   гуфта ҳ оро   пурра   тасди қ   мекунанд : Аз фиро қ ат   сўхтам ,  эй   нури   чашмонам ,  балам ,    
Соя буди бар сарам, сарви хиромонам, балам, 
Чок-чок аст, ин гиребон то ба домонам, балам,  
Нозанинам,  қ обилам ,  Абдул ма ҷ ид ҷ онам, балам!
Айни пир ӣ  бар сарам кў ҳ и   бало   андохт ӣ , 
Сирри дил бо мо нагуфт ӣ , кори худро сохт ӣ . 
Рафт ӣ  аз дунёю бо он бод хокам сохт ӣ , 
Нозанинам,  қ обилам ,  Абдулма ҷ ид ҷ онам, балам!
Хе ҷ   ғ амхоре    надорам ,  то   ки   ман   ҳ амдам   шавам , 
Қ омати  як хо ҳ арат   аз  бори  ғ ам   гардид   хам , 
Хонаи уммеди ман барбод шуд аз ин алам, 
Нозанинам,  қ обилам ,  Абдулма ҷ ид ҷ онам, балам!
Хул қ и   хубат   мерасад ,  сад   о ҳ у   аф ғ он мекунам, 
Во балам, мегўяму сад ша ҳ ра вайрон мекунам, 
Аз ду чашмам  ҷ уи хунро мисли борон мекунам, 
Нозанинам,  қ о билам, Абдулма ҷ ид ҷ онам, балам!...
Дар   фолклори   то ҷ ик   « Ҷ они   бобо»,   «Тарма»,   «Усмон ҷ онуме»
«Мотам»   ва   ин ҳ о   барин   боз   чанд   марсияи   дигар   мав ҷ уданд,   ки
он ҳ оро   низ   аз   намуна ҳ ои   бе ҳ тарини   марсия ҳ ои   хал қӣ   ҳ исоб
кардан   мумкин   аст .  Дар   марсия ҳ ои   хал қӣ   о ҳ анги   муси қ ии   мотам,   инто натсияи
ғ амангезона   ва   гиряву   нолаи   дилхарош   мав қ еи   асос ӣ   дорад.
Қ и м мат ва а ҳ а мияти ин гуна марсия ҳ о   бештар   дар   ҳ амин   аст . 
Аз суруди зерин, ки бунёдаш рубоии хал қ	
ӣ   мебошад, садои
дилхароше ба гўш мерасад:
Чашмакам дар ро ҳ атон   чор   шуд ,  дада ҷ онам, э-воее... 
Гул ҳ ои   ҷ а ҳ он   дар   назарам   хор   шуд ,  дада ҷ онам, э-воее!„. 
Гул ҳ ои    ҷ а ҳ она   бў   кунам ,  бўи   шумо   несте ,  дада ҷ онамее... 
Сад ша ҳ ра   ба   ша ҳ р   занам ,  монанди   шумо   несте , 
                                                                  дада ҷ онаме,  э-воее...
Хулоса,   маросим ҳ ои   хал қ ии   то ҷ ик ӣ   аз   замон ҳ ои   қ адим   бо
фолклор   ало қ аи   зич   дошта ,   ҳ амчун   заминаи   пайдоиш   ва
инкишофи   э ҷ одиёти   шифо ҳ ии   хал қ   роли   калон   бозидаанд .
Фолклори   маросим ҳ ои   хал қ	
ӣ   расму   оин   ва   тафаккури   одамони
давра ҳ ои   гуногуни   таърихиро   акс   менамоянд.   Суруд ҳ ои
маросим ҳ ои   хал қ	
ӣ   муносибати   одамонро   нисбат   ба   ҳ одиса ҳ ои
табиат   ва   ҷ амъият   намудор   сохта,   ну қ таи   назари   эстетикии
он ҳ оро   ифо да   мекунанд .   Ин   гуна   суруд ҳ о   шо ҳ иди   онанд ,   ки
инсон   ч ӣ   дар   ла ҳ за ҳ ои   фара ҳ мандию   хурсандиаш   ва   ч ӣ   дар
маврид ҳ о и душвори зиндагиаш э ҷ одиёти  шифо ҳ ии худро  ҳ амчун
як   ҷ узъи   зарурии   ҳ аёти   маънавиаш   ба   ифодаи   ғ оя ҳ ои   худ
истифода кардааст. А даби ёт:
1. Асрор ӣ   В.,   Амонов   Р.   Э ҷ одиёти   да ҳ анакии   хал қ и   то ҷ ик.   – –
Душанбе: Маориф,  1980.
2. Асрор ӣ   В . Жанр ҳ ои   хурди   фолклори   т о ҷ ик .  –   Душанбе , 1992
3. Қ одиров   Р.   Фолклори   маросимии   то ҷ икони   водии
Қ аш қ адарё .   – Душанбе, 1963.
4. Мавлонова М. Фолклори то ҷ ик .  Комплекси   таълим ӣ - метод ӣ .
–   Ху ҷ анд :  Ношир ,  2016. 
5. Самадов А., Шерназаров А. Тавсия ҳ ои   метод ӣ   доир   ба   ҷ амъ
намудани   э ҷ одиёти   да ҳ ана кии   хал қ .   –Самар қ анд :   СамДУ,
2014
6. Тарона ҳ ои   Самар қ анд .   – Тошкент, 2013
7. Фолклори Бухоро .   – Душанбе, 1983.
8. Фолклори то ҷ ик. Хрестоматия .   – Душанбе, 1989.
9. Фолклори   то ҷ икони   Қ аш қ адарё .   Дар   се   ҷ илд .   – Душанбе,
1998 ; 2000.
10. Ураева Д. Мотам маросими фолклори.  – Тошкент :  Фан, 2005.
11. Шерназаров   А.   Э ҷ одиёти   да ҳ анакии   хал қ и   то ҷ ик .   –
Самар қ анд :  СамДУ , 2017

Фолклори маросими мотам ва марсияхонӣ

Sotib olish
  • O'xshash dokumentlar

  • Maktabgacha ta‘lim tashkilotida ovqatlanish ratsionini tashkil etish
  • Umumta‘lim maktablarida Imom Buxoriy hadislarini o‘rganishning ahamiyati
  • 2001-yil sentabr voqealri va uning xalqaro munosabatlarga
  • 1945-1990-yillarda Buyuk Britaniya
  • 1918-1923 yillarda xalqaro munosabatlar, Versal Vashington siyetemasining tuzilishi

Xaridni tasdiqlang

Ha Yo'q

© Copyright 2019-2026.

  • Balansdan chiqarish bo'yicha ko'rsatmalar
  • Biz bilan aloqa
  • Saytdan foydalanish yuriqnomasi
  • Fayl yuklash yuriqnomasi
  • Русский